Имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Эрон ва Босния ва Ҳерсеговина
Ёддошти тафоҳуми густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории байни Эрон ва Босния ва Ҳерсеговина бо ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон ва раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина имзо шуд.
Ба иттилои Ирно, Алии Яздонӣ, муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорат баунвони намояндаи Эрон ва Мирко Шарович, вазири равобити иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷӣ баунвони намояндаи Босния ва Ҳерсеговина ин ёддошти тафоҳуми ҳамкории тиҷорӣ ва сармоягузориро рӯзи сешанбе имзо карданд .
Ҳамчунин Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Боқир Иззат Бегович, раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина дар Теҳрон гуфт: Дар солҳои гузашта бадалели таҳрими золимонаи Эрон, равобити Теҳрон- Сараево даврони рукудро таҷруба карда ва имрӯз баъд аз тавофуқи ҳастаӣ шароит барои густариши беш аз пеши равобити ду кишвар фароҳам шудааст .
Раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина низ бо баёни инки равобити – Сараево-Теҳрон ҳамвора дӯстона, мустаҳкам ва қавӣ будааст, гуфт: Эрон дар замони ҷанги Босния талоши зиёде барои таваққуфи ҷанг ва барқарории сулҳу субот дар ин кишвар ифо кард .
Иззат Бегович афзуд: Босния ва Ҳерсеговина дорои чорчубҳои қавӣ ва қонунӣ барои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупост ва ҷумҳурии исломии Эрон аз тариқи Босния ва Ҳерсеговина метавонад ба роҳатӣ вориди бозори тиҷории Иттиҳоди Аврупо шавад .
Боқир Иззат Бегочив, раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина асри Душанбе вориди Теҳрон шуд .