Рӯзи бузургдошти Ҳаким Умари Хайём гиромӣ бод
(last modified Tue, 18 May 2021 05:53:56 GMT )
Май 18, 2021 10:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯбоиёти Хайём шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд ва ба аксари забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд
    Рӯбоиёти Хайём шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд ва ба аксари забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд

Дар тақсими эронӣ рӯзи 28-уми урдибиҳишт баробар бо ҳаждаҳуми май, рӯзи бузургдошти донишманд, шоир ва орифи баландовозаи Эрон ҳаким "Умари Хайём" номгузорӣ шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абулфатҳ Умар  Бин Иброҳим  Хайёми Нишопурӣ, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим, табиб, шоир ва нависандаи бузурги эронӣ дар авохири қарни панҷум ва авоили қарни шашуми ҳиҷрӣ аст. 

Хайём дар ҳудуди солҳои 417 то 440 қамарӣ дар Нишопур мутаваллид шуд ва агарчӣ шӯҳрати ӯ дар даврони зиндагиаш бештар дар ҳикмат, тиб, нуҷум ва риёзиёт буд, аммо имрӯз ӯро дар ҷаҳон  бештар ба сабаби рубоиёти фалсафии латифаш мешиносанд. 

Рубоиёти Хайём  шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад ва ба ағлаби забонҳои дунё тарҷума шудааст. 

Ҳамчунин Хайём дар риёзиёт чанд асари маъруф дорад, ки китоби "Ҷабр ва муқобила" аз ҳама машҳуртар аст. 

Хайём ҳамчунин дар ислоҳи тақвими эронӣ ва тадвини тақвими Ҷалолӣ, ки мабнои  он оғози соли нав бо аввали фарвардин ва наврӯз аст ва солро 365 ё 366 рӯз таъин мекунад нақши умдае доштааст. 

Ба ҳамин муносибат имрӯзи барномаҳои мухталифи фарҳангӣ дар Эрон баргузор мешавад.

Гулборони оромгоҳи Ҳаким  Умари Хайём дар Нишопур, баргузории ҳамоиши илмии гиромидошти рӯзи миллии Хайём ба сурати маҷозӣ, иҷрои  барномаи кишварӣ бо мавзӯи шеъру адаби  вижаи ҳакими Умари Хайёми Нишопурӣ дар фазоии маҷозӣ, рӯнамоӣ аз бозии фикрии рубоиёти Хайём ва баргузории мусобиқоти риёзиёт, аз ҷумлаи барномаҳои бузургдашти ҳаким Хайёми Нишопурӣ дар рӯзи сешанбеи 28 урдибиҳиштмоҳ аст. 
  
  
  Бештар бихонед: