Сентябр 18, 2022 13:07 Asia/Dushanbe
  • Шеъри Шаҳриёр  дорои ганҷинаи ғании фарҳангу адаби форси аст
    Шеъри Шаҳриёр дорои ганҷинаи ғании фарҳангу адаби форси аст

27 Шаҳривар дар солномаи эронӣ ба унвони рӯзи шеъру адаби форси ва рӯзи бузургдошти устод Шаҳриёр номгузори шудааст.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон Сайид Муҳаммадҳусайнӣ Беҳҷатии Табрезӣ, мутахалис ба Шаҳриёр соли 1283 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Табрез чашм ба ҷоҳон кушуд.

Шаҳриёр дар  соли 1300 барои идомаи таҳсил ба Теҳрон рафт ва дар мактаби Дорулфунун таҳсили худро идома дод сипас вориди мактаби тиб шуд, ки онро пас аз панҷ сол таҳсил раҳо кард ва ба корҳои давлати дар Хуросон ва сипас  дар Теҳрон машғул шуд.

Шаҳриёр дар соли 1331 пас аз марги падару модараш ба Табрез бозгашт ва то поёни умр , соли 1367 дар ин шаҳр монд.

Шеър аз даврони ҷавони дар Шаҳриёр шукуфа кард ва то охарин лаҳзоти умр , пурбор ва шукуфо буд.

Ба бовари Шаҳриёр  шеъри он таъсир ва иртиояш латифе аст, ки бидуни ирода бар рӯйи асаби инсон нақш мебандад ва дастгоҳи асабии шоъир онро аз худи табиат ё зиндагӣ таҳвил гирфта ба сурати шеър ироа мекунад.

Шаҳриёр тамоми қолабҳои шеъри форсиро озмуда ва  дар тамоми онҳо хуш дурахшидааст.

Ашъори Шаҳриёр лабрез аз авотифи амиқ ва эҳсосоти рақиқ аст, ва суханаш табии ва ғайри мутакалифона аст.

Шеъри Шаҳриёр  дорои ганҷинаи ғании фарҳангу адаби форси аст.

 

Барчасп