Май 18, 2021 21:42 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти ҳамкориҳои амниятии Эрону Узбекистон

Раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрону Узбекистон дар дидор бо сафири Узбекистон дар Теҳрон таъкид кард, ҳамкориҳои амниятии ду кишвар ба рафъи таниш дар минтақа меанҷомад.

Ба гузориши хабаргузории Хонаи миллат, Ғуломризо Нурӣ, раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрону Узбекистон рӯзи сешанбе дар дидор бо Баҳодур Абдуллоев, сафири Узбекистон дар Теҳрон ҳамчунин гуфт: «равобити порлумонии мусбате миёни маҷлисҳои ду кишвар барқарор шудааст, ки метавонад ба тавсеъа ва густариши муносибот дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар мунҷар шавад.»

Раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрону Узбекистон, таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон ва густариши вируси коронаро аз авомили коҳиши сатҳи муровидоти иқтисодӣ, донист ва хостори таҳарруки бештари фаъолони иқтисодии давлатӣ ва хусӯсӣ дар ду кишвар шуд.

Сафири Узбекистон дар Теҳрон низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии ду миллат гуфт: «мақомоти олирутбаи Узбекистон ҳамвора бар тавсеъа ва густариши иртибототи сиёсӣ, иқтисодӣ ва порлумонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид доранд.»

Абдуллоев бо ишора ба вуҷӯди тавонмандиҳои иқтисодии фаровон дар ду кишвар афзуд: «Узбекистону Эрон имконоти муносибе дар арсаҳои иқтисодӣ доранд, ки метавонанд комилкунандаи якдигар бошанд.»

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп