Июл 03, 2021 09:00 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи бародаршаҳр шудани Исфаҳон ва Самарқанд
    Имзои тафоҳумномаи бародаршаҳр шудани Исфаҳон ва Самарқанд

Созишномаи бародаршаҳр шудани Исфаҳон ва Самарқанди Узбакистон имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз ИРНА, ин маросим  рӯзи ҷумъа ба сурати маҷозӣ бо ҳузури «Қудратуллоҳи Наврӯзӣ » шаҳрдори Исфаҳон, «Бобурмирзо Облоқулов» шаҳрдори Самарқанд ва «Ҳамиди Найирободӣ » сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбекистон дар маҳалли толори шӯрои шаҳрдории Исфаҳон баргузор шуд.

Пас аз имзои созишнома, Самарқанди Узбекистон  чаҳордаҳумини шаҳри ҷаҳон аст ки бо Исфаҳон тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ  дорад.

Калоншаҳри Исфаҳон бо наздик ба 2 миллион нафар  ҷамъият, маркази устони Исфаҳон ва яке аз қутбҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, гардишгарӣ, санъатӣ ва илмии Эрон башумор меояд.

Исфаҳон ба ҷуз  Самарқанд бо шаҳрҳои Сиан, Флоренсия, Дакар, Куала-Лумпур, Кувайт, Барселона, Фрайбург, Санкт-Петербург, Лоҳур, Гавана, Яш, Ереван ва Баалбек бародаршаҳр мебошад.

Барчасп