Май 19, 2021 12:37 Asia/Dushanbe
  • Персеполиси Теҳрон яке аз қадимтарин ва пурифтихортарин клубҳои футболи Эрон аст
    Персеполиси Теҳрон яке аз қадимтарин ва пурифтихортарин клубҳои футболи Эрон аст

Тими футболи Персполиси Эрон, ки ҳарифи тими Истиқлоли Душанбе дар рақобатҳои лигаи қаҳрамонони Осиё аст дар ҷамъи сад тими бошгоҳии бартари ҷаҳон қарор дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон, бар асоси ҷаддитарин радабандии тимҳои бошгоҳии футболи ҷаҳон, тими Персполиси Эрон  ҳамчунон дар рутбаи нахусти Эрон ва чаҳоруми Осиё қарор дорад. 

Тими футболи Персполиси Эрон бо 1615 имтиёз дар рутбаи 97 ҷаҳон ва болотар аз тимҳои Фейеноорди Ҳолланд ва Фиорентинаи Италия истодааст. 

Тибқи ин радабандӣ дар Осиё дастаи Кавасаки Ҷопон бо 1662 имтиёз пешсаф аст. 

Ҷонбук Моторзҳои Кореяи Ҷанубӣ бо 1628 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Дастаи Ал-Ҳилоли Саудӣ бо 1622 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Пас аз Персеполис, Ал-Дуҳайли Қатар бо 1602 имтиёз дар ҷои панҷум аст. Дар рейтинги ҷаҳонӣ дастаҳои футболи Бавария Мюнхен, Манчестер Сити, Интер Милан, Реал Мадрид ва Челси дар зинаҳои аввал то панҷум қарор доранд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп