Октябр 26, 2016 18:06 Asia/Dushanbe

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Финляндия аз иродаи Теҳрон ва Хелсинки барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалии Эрон хабар доданд.

Ҳасани Руҳонӣ - раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Саули Нинисто - раиси ҷумҳурии Финляндия дар Теҳрон гуфт: Асноде, ки имрӯз (чаҳоршанбе) байни ду кишвар ба имзо расид, равобити Теҳрон – Хелсинкиро дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ густариш хоҳад дод.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба зарфиятҳои фаровони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Финляндия барои ҳамкорӣ афзуд: Ҳавзаҳои мухталифе аз ҷумла энержӣ, ҳамлу нақл, санъат, муҳити зист, маъдан ва ҷангал метавонад заминаҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар бошад.

Руҳонӣ таъкид кард, дар музокироти имрӯз бо раиси ҷумҳурии Финляндия аз ҳамкории байни Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, мубориза бо маводи мухаддир, ҳуқуқи башар ва мубориза бо ифротигарӣ ва терроризм, ба вежа дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Либия ва Яман истиқбол шуд.

Раиси ҷумҳурии Финляндия низ дар ин нишасти муштараки хабарӣ гуфт: Эрон ва Финляндия метавонанд ҳамкориҳои худро дар оянда густариш диҳанд ва бетардид барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) нуқтаи атфе дар таҳаққуқи ин ҳадаф аст.

Раиси ҷумҳурии Финляндия ҳамчунин бо ишора ба ҳузури шумори зиёди муҳоҷирон, аз ҷумла беш аз се миллион муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон, ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Эронро дар ин замина дорои аҳамияти бисёр донист.

Имрӯз бо ҳузури раисони ҷумҳурии Эрон ва Финляндия чаҳор санади ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, энержӣ, иртиботот ва фановарии иттилоот ба имзои мақомҳои ду кишвар расид.

 

Барчасп