Май 24, 2021 17:32 Asia/Dushanbe
  • Лоиқ шералӣ бо ашъори худ ҷони тозае ба колбади шеъри тоҷикӣ дамид
    Лоиқ шералӣ бо ашъори худ ҷони тозае ба колбади шеъри тоҷикӣ дамид

Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон маросимеро барои бузургдошти адиб ва шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ дар фазои маҷозӣ баргузор мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, ойини бузургдашти адиб ва шоири тоҷик  зиндаёд "Лоиқ  Шералӣ " рӯзи сешанбе 25 май ба сурати маҷозӣ бо ҳузури ҷамъе аз масъулони Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла Ҳасан  Балхорӣ, раиси анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон ва Низомиддин  Зоҳидӣ сафири Душанбе дар Теҳрон баргузор мешавад. 

Дар ин барнома ҳамчунин қарор аст Ғуломалии Ҳаддоди Одил раиси фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон ва Алӣ Ашрафи Муҷтаҳид  Шаббистарӣ  раиси ҷамъияти дӯстии Эрону Тоҷикистон суханронӣ кунанд. 

Ин маросим ба сурати зинда аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба нишонии https : //www . aparat . com/mafakherefarhangiу https : //www . instagram . comи /akjomanasarmafakher2 пахш мешавад. 

Зиндаёд Лоиқ  Шералӣ шоири тоҷики  мутаваллиди рустоии «Мазори шариф » дар ноҳияи Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон  пас аз поёни таҳсилоташ дар донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбеу ва иқомат дар пойтахти Тоҷикистон, нахуст  нависандаи бахши адабии радиои Тоҷикистон шуд.

Лоиқ Шералӣ ҳамчунин корманди адабии рӯзномаи Комсомоли Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи адабии мӯътабари Садои шарқ, мушовири иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳамчунин узви иттиҳодияи нависандагони Шуравӣ аз соли 1965 мелодӣ буд. 

Ӯ бо сурудаҳои худ ҷони тозае ба колбуди шеър тоҷикӣ дамид ва ҷойгоҳи онро дар қаламрави шеъру адабиёти форсӣ боло бурд. 

Зиндаёд Лоиқ  Шералӣ 21 сол пеш дар тобистони сособирӣли 2000 чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. 

 
  Бештар бихонед:

Барчасп