Октябр 26, 2016 21:02 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳертсеговина таъкид карданд, эътилофи низомии Ғарб зидди терроризми воқеӣ ва ба дунболи решакан кардани он нест.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри сешанбе дар дидор бо Боқир Иззатбекович, раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳертсеговина тасреҳ карданд, агарчи мумкин аст, эътилофҳо дар мавориде бо террористҳо вориди ҷанг шаванд ҳам, аммо на дар Ироқ ва на дар Сурия ба дунболи воқеан решакан кардани терроризм  нестанд.

Гузориши вижаи ҳамкорамони Юсуфӣ ба нокоромадии эътилофи зидди ДИИШ ба саркардагии Амрико дар мубориза бо терроризм ихтисос дорад: