Октябр 27, 2016 13:08 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбарӣ дар дидори раисиҷумҳури Финландия

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, гуфтанд, Амрико ва бархе давлатҳо ҳамаи масоилро бар асоси манофеи худ муҳосиба мекунанд ва ба фикри решакан кардани бемории терроризм, чӣ дар Ироқ ва чӣ дар Сурия нестанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, асри рӯзи (чаҳоршанбе) дар дидор Саули Ниинисте-раисҷумҳури Финландия ва ҳайати ҳамроҳ, бо ишора ба падидаи терроризм ба унвони яке аз масоиби дардноки ҷомеаи башарӣ, кушторҳои дастаҷамъӣ ҳамчун куштори мардуми Яман бадасти давлати Саудиро бадтарин навъи терроризм хонданд ва таъкид карданд, муқобила бо терроризм ниёзманди иродаи ҷиддии ҳамаи касоне аст, ки дар қудратҳои байналмилалӣ нуфуз доранд ва оқилҳои ҷаҳон ва давлатҳо ва қудратмандони бо шарафи дунё бояд барои илоҷи ин падида, фикр ва иқдом кунанд.

Эшон, мавозеи дабири кулли кунунии Созмони Милали Муттаҳидро мавриди интиқод қарор доданд ва афзуданд, дабири кулли Созмони милал ба сароҳат эълом кард, ки ба далели вобаста будани ин созмон ба пули давлати Саудӣ, имкони маҳкум кардани куштори кудакони яманӣ вуҷуд надорад, ки ин нишондиҳандаи вазъи ахлоқии асафбори сиёсатмадорони байналмилалӣ аст ва умедворем, дабири кулл баъди Созмони милал битавонад аз истиқлоли ин ҷойгоҳ ҳифозат кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои ҳалли масъалаи Сурияро низ мантиқӣ ва бар пояи тарафдорӣ аз миллат ва давлати қонуни ин кишвар хонданд ва афзуданд, Амрико ва бархе давлатҳои дигар бар тағйири давлати Сурия пофишорӣ мекунанд, дар ҳоле ки барои поён додан ба ҷанг, бояд шуру кунанда ва авомили ҷангафрӯзӣ мушаххас шаванд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳамчунин бо истиқбол аз афзоиши ҳамкориҳо бо давлати Финляндия, таъкид карданд, тафоҳумҳои имзо шуда байн ду давлат, бояд амалиётӣ шаванд ва иҷроӣ нашудани онҳо бозтоби номуносибе дар зеҳни мардум хоҳад дошт.

Саули Ниинисте- раисҷумҳури Финляндия ҳам дар ин дидор бо ибрози ризоят аз гуфтугӯҳои худ дар Теҳрон бо таъйиди назароти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи масъалаи терроризм, хотирнишон кард, давлатҳо ва Созмони милал дар контрол ва мубориза бо терроризм муваффақ набудаанд.

Раисиҷумҳури Финляндия бо ишора ба ҷойгоҳ ва нуфузи Эрон дар минтақа ва нақши умдаи он, дар мубориза бо терроризм, гуфт, Эрон талоши худро барои решакан кардани терроризм анҷом дода ва мутмаиннан ин корро идома хоҳад дод.