Таъкид бар тавсеаи равобити тиҷорӣ ва газии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sun, 30 May 2021 16:22:44 GMT )
Май 30, 2021 21:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар тавсеаи равобити тиҷорӣ ва газии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон бар тавсеаи равобити тиҷорӣ ва газии ду кишвар таъкид кард.

Бежани Номдори Зангана, вазири нафти Эрон имрӯз якшанбе дар дидор бо Шоҳин Мустафоев, муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Равобити Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин солҳо дар ҳамаи заминаҳо ба хубӣ рушд карда, ки нуқтаи авҷи он дар бахши нафт, газ ва энержӣ дар тавсеаи майдонҳои муштарак дар дарёӣ Хазар будааст.

Шоҳин Мустафоев ҳам дар ин дидор гуфт: Равобити Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар солҳои ахир тавсеа ёфта, ки ин тавсеа ба далели иродаи сиёсии руасои ҷумҳурии ду кишвар будааст.

Муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд: Равобити ду кишвар дар заминаҳои мутафовиту мутанаввеъе пешрафтҳои қобили тавваҷуҳ ва танготангӣ доштааст, ки бо гуфтугӯҳои созанда метавонад худро намоён кунад.

Мустафоев афзуд: Яке аз ин заминаҳои ҳамкорӣ дар бахши нафту газ аст, ки муваффақиятҳое ҳам дар он ҳосил шудааст.

Муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин гуфт: Дар заминаи ҳамкориҳои муштараки газӣ ҳам собиқаи зиёде дорем ва аз соли 2004 гази мавриди ниёзи ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон аз сӯйи Эрон таъмин мешавад, ки аз ин бобат қадрдонӣ мекунем.

Бештар бихонед: