Май 31, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Намакӣ: Ваксинатсияи умумӣ бо ваксинаи эронӣ аз ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, дар хурдод ва поёни баҳор ваксинаи эронӣ омодаи тазриқ барои умуми мардум аст ва эмгузаронӣ аз ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд.

Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд: Барои риояти протоколҳо ин тазриқ ба шакли довталабона хоҳад буд,  дар марҳилаи аввал худам ва ҳамкоронам довталаби тазриқи ин ваксина хоҳем буд.

Вазири беҳдошти Эрон афзуд: Ваксинаи муштарак байни Эрон ва Куба яке аз мумтозтарин ваксинаҳои дунёст, ки дар ҳоли сохт аст, баъд аз ин ваксина, ваксина “Баракат” аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп