Май 31, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои байнофарҳангии Хуросон

Ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои байнофарҳангии Хуросон бо ҳузури шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ аз кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбакистон ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Ҷаъфари Марворид, мудири кулли фарҳангу иршоди исломии устони Хуросони Разавии Эрон 10 хурдод (31 май) дар вебинари Шӯрои сиёсатгузории ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯи байнофарҳангии Хуросон гуфт: “Дар ин ҷаласа қарордодҳои иҷроии ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои байнофарҳангии Хуросон бо меҳварияти мероси фарҳангӣ ва маънавии Хуросон, тарҳи пажӯҳишии зиёрат дар илоҳиёти татбиқии байналадён ва нишастҳои байналмилалии гуфтугӯи ҷавонони ҷаҳони Ислом ба имзои тарафҳо расид”.

Вай идома дод: Идораи кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони Разавӣ ба унвони муҷрии тарҳ чаҳор нишасти вебинарӣ ба мизбонии устонҳои Хуросони Разавӣ, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Ҷанубӣ ва Гулистон бо ҳузури шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон ва Узбакистон бо ҳамкории Созмони фарҳангии остони Қудси Разавӣ баргузор мекунад.

Ба гуфтаи оқои Марворид, ин чаҳор вебинар бо номҳои забону адабиёти форсӣ, ҳунар ва меъморӣ, адёну ирфон ва мутолеоти фарҳангиву иҷтимоӣ дар Хуросон, баргузор мешавад.

Замони баргузории ин вебинарҳо дар рӯзҳои оянда таъйин ва эълом хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: