Июн 01, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Раҳмонии Фазлӣ: Иродаи Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ аст

Вазири кишвари Эрон дар дидор бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кард, иродаи ду миллат ва ду кишвар бар густариши ҳамкорӣ аст.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон имрӯз (сешанбе) дар ҳошияи нишасти муштарак бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, талоши ҳар ду кишвар бар ин аст, ки зарфиятҳои ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ дар сутӯҳи мухталиф тақвият шавад.

Вазири кишвари Эрон, ҳамчунин бо ишора ба зарфияти ҳамкориҳои амниятии ду кишвар гуфт, тафоҳумномаи амниятии хубе миёни ду кишвар имзо шуда ва дар ин росто барои ҳамкорӣ дар бахши полиси Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мубориза бо маводи мухаддир, сҷурмҳои созмонёфта, омӯзиш, табодули устод ва донишҷӯи кор хоҳем кард.

Раҳмонии Фазлӣ ҳамчунин гуфт, забони форсӣ забони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва ин се кишвар метавонанд як мусаллас(сегона)-и ҳамкории фарҳангӣ дар минтақа эҷод кунанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, санадҳои ҳамкории хеле хубе миёни ду кишвар ба имзо расидааст ва бояд аз ин зарфият барои густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ истифода шавад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, ба дунболи баррасии тамоми роҳҳо ва гузинаҳои мавҷӯд дар густариши равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ҳастем ва умед дорем, ки бо меҳвар қарор додани фарҳанги муштараки ду кишвар ба хусӯси забон форсӣ, дӯстии ду кишвар тақвият ва таҳким шавад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, имрӯз (сешанбе) барои дидору машварат бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп