Ғарибободӣ: Фаротар аз БарҶом тааҳҳудеро дар ҳавзаи ҳастаӣ намепазирем
Намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена бо баёни ин ки музокирот вориди мавзӯоти муҳим ва асосӣ шуда, гуфт, Эрон фаротар аз БарҶом, тааҳҳудеро дар ҳавзаи ҳастаӣ намепазирад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена шаби (сешанбе) дар гуфтугӯе дар бораи музокироти ҷорӣ дар Вена, афзуд: Он чӣ барои ҳайати ҷумҳурии Исломии Эрон муҳим аст, ин аст, ки агар тавофуқе сӯрат бигирад Эрон фаротар аз БарҶом, тааҳҳудеро дар ҳавзаи ҳастаӣ нахоҳад пазируфт ва тамомии таҳримҳо ҳам бояд лағв шавад ва мавриди ростиозмоӣ қарор бигирад.
Ғарибободӣ бо баёни инки мавзуоте таҳти баррасӣ аст ва ин имкон вуҷӯд дорад, ки ҳайатҳо ду бора ба пойтахтҳо баргарданд ва машваратҳо анҷом ва дастӯруламалҳои лозим гирифта шавад, афзуд: чунончӣ ин мавзӯот ҳалу фасл нашавад, табиатан тафоҳуме ҳам шакл нахоҳад гирифт.
Ин дипломати аршади эронӣ ҳамчунин эълом кард, ки нигориши матн аз яке ду давра қабл дар се ҳавзаи тааҳҳудоти рафъи таҳримӣ, тааҳҳудоти ҳастаӣ ва шеваҳои иҷроии ин тааҳҳудот, омода шуда ва дар ҳоли баҳсу баррасӣ аст.
Вай идома дод: Дар ҳар давра аз гуфтугӯҳо ихтилофот камтар шуд, вале ҳоло ба мавзуоти бисёр муҳим ва калидӣ расидааст.
Гуфтанист, рӯзи душанбе низ Саидаббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар изҳороте бо баёни ин ки пешрафтҳои хубе то ҳоло дар музокироти Вена доштем ва ба мавзуоти аслии мавриди ихтилоф раседим, гуфт: Шахсан мутмаин нестам, ки музокирот дар ин давр, ба поён бирасад.
Бештар бихонед:
- Эрон: қабл аз лағви комили таҳримҳо иқдомоти ҳастаиро мутаваққиф намекунем
- Гузориши вижа: талоши Эрон барои ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ
- Посухи Эрон ба мавориди иддаоӣ дар гузориши ҷадиди ожонс