Июн 02, 2021 14:29 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ҳамаи маводи аввалияи ваксинаи корона дар Эрон

Раиси Кумитаи илмии муқобила бо корона эълом кард, ҳамаи маводи аввалияи ваксинаи корона дар Эрон тавлид мешавад.

Мустафо Қонеъӣ, раиси Кумитаи илмии муқобила бо корона рӯзи чаҳоршанбе бо баёни инки қарор аст, ширкатҳои донишбунён маводи аввалияи ваксинаи коронаро ба тавлид бирасонанд, гуфт, ширкатҳо ва навъи маводи аввалия барои тавлид дар дохил мушаххас шудаанд.

Қонеъӣ дар хусӯси тавлиди маводи аввалияи ваксинаи корона, дар Эрон афзуд, дар ҳоли ҳозир мушаххас шуда, ки чӣ маводи аввалияе барои тавлиди ваксинаҳо лозим аст.

Вай бо баёни инки бо тавлиди маводи аввалия ҳазинаи тавлиди ваксина коҳиш пайдо мекунад, хотирнишон кард, тавлиди маводи аввалия боис мешавад мутмаин бошем, ки ваксина ба мавқеъ тавлид мешавад ва аз сӯи дигар камбуди маводи аввалия боиси пешгирӣ аз тавлид нахоҳад шуд.

Муваффақияти мутахассисон ва донишмандони эронӣ, дар тавлиди чанд навъи ваксинаи корона бо таҳсини ҷомеъаи илмии ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп