Ироқчӣ: Ихтилофот дар музокироти Вена ҳал шуданист
(last modified Wed, 02 Jun 2021 16:15:47 GMT )
Июн 02, 2021 21:15 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Ихтилофот дар музокироти Вена ҳал шуданист

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Ихтилофот дар музокироти Комиссияи муштараки БарҶом дар Вена ба нуқтае расидааст, ки ҳамаи аъзо муътақиданд, қобили ҳал аст.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Ихтилофот ба нуқтае расидааст, ки ҳама муътақиданд, ин тавр нест, ки ҳал ношуданӣ бошад, аммо ҷузъиёту мавозеи қатъии мо муҳим аст, ки бояд риоят шавад.

Ироқчӣ бо баёни ин ки эҳтимолан дар ҷаласаи Комиссияи муштараки БарҶом (имшаб) дар бораи таърихи баргашт тасмимгирӣ мешавад, афзуд: Ҳамаи ҳайатҳо дар музокирот мусаммам ҳастанд ва ҷиддият комилан вуҷуд дорад.

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Эҳтимолан пас аз нишасти имшаб, монанди давраҳои гузашта, баъд аз як давраи машваратӣ дар Теҳрон, ба Вена бозхоҳем гашт.

Нишасти комиссияи муштараки БарҶом шомгоҳи чаҳоршанбе ба вақти Теҳрон, бо ҳузури намояндагони Эрон ва гурӯҳи 1 + 4 (Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Англия) дар Вена баргузор мешавад.  

Раёсати ҳайати эрониро дар ин ҷаласа Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон бар уҳда хоҳад дошт.

Раёсати ин нишаст бар уҳдаи Энрике Мора, муовини дабири кулли Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.

Қарор аст баъд аз поёни ин нишаст, ҳайатҳои ширкаткунанда барои машваратҳои бештар роҳии пойтахтҳои худ шаванд.

Даври панҷуми гуфтугӯҳои комиссияи муштараки БарҶом аз ҳафтаи гузашта дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, ҳангоме ба тааҳҳудоти барҷомии худ боз хоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳои зидди эрониро дар амал лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад.

 

Бештар бихонед: