Аз густариши оташсӯзӣ дар полоишгоҳи Теҳрон пешгирӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68130-Аз_густариши_оташсӯзӣ_дар_полоишгоҳи_Теҳрон_пешгирӣ_шуд
Мудири равобит умумии полоишгоҳи Теҳрон чаҳоршанбешаб аз маҳори оташсӯзӣ дар ин полоишгоҳ хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 03, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзӣ дар махзани салярка полоишгоҳ рух додааст
    Оташсӯзӣ дар махзани салярка полоишгоҳ рух додааст

Мудири равобит умумии полоишгоҳи Теҳрон чаҳоршанбешаб аз маҳори оташсӯзӣ дар ин полоишгоҳ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Шокир Хафоӣ бо эъломи инки ҳодисаи оташсӯзӣ дар махзани саляркаи полоишгоҳ рух додааст, хотирнишон кард, акнӯн ин оташсӯзӣ маҳор ва аз сирояти он ба дигар махозин ҷилавгирӣ шудааст.

Вай изҳор дошт, соати 19:30 чаҳоршанбешаб оташсӯзӣ дар махзани саляркаи ин полоишгоҳ рух дод ва 20 ҳазор бушка салярка дучори оташ шудааст.

Шокир Хафоӣ бо баёни инки ин оташсӯзӣ хушбахтона ҳеч талафоте надоштааст, афзуд, ба далели инки дар ин оташ фаровардае мисли салярка дучори оташсӯзӣ шудааст, наметавон оташро хомӯш кард ва бояд танҳо оташро маҳор кард то тамом фароварда бисӯзад.

Image Caption

Мудири равобит умумии полоишгоҳи Теҳрон ҳамчунин изҳор дошт, иллати бурӯзи ин ҳодиса дар даст баррасӣ аст ва пас аз такмили таҳқиқот натоиҷи он эълом хоҳад шуд.

Бештар бихонед: