Қатъи муваққатии барқи содиротии Эрон ба вилояти Ҳироти Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68134-Қатъи_муваққатии_барқи_содиротии_Эрон_ба_вилояти_Ҳироти_Афғонистон
Барқи содиротии Эрон ба вилояти Ҳироти Афғонистон фардо ҷумъа бадалели масоили фаннӣ қатъ хоҳад шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июн 03, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ду хати интиқоли барқи Турбати Ҷом ба Ҳирот, фардо ҷумъа қатъ хоҳад буд
    Ду хати интиқоли барқи Турбати Ҷом ба Ҳирот, фардо ҷумъа қатъ хоҳад буд

Барқи содиротии Эрон ба вилояти Ҳироти Афғонистон фардо ҷумъа бадалели масоили фаннӣ қатъ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ово, идораи барқи Ҳирот эълом кард, ду хати интиқоли барқи Турбати Ҷом ба Ҳирот ба хотири тармими хутут, фардо ҷумъа аз соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ то 17 баъд аз зуҳр қатъ хоҳад буд.

Вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз ду кишвари Эрону Туркманистон барқ ворид мекунад, аммо ба далели масрафи болои шаҳрвандони ин вилоят дар соате аз рӯз, шоҳиди қатъии барқ ҳастанд.

Афғонистон солона миллионҳо доллар аз кишварҳои ҳамсоя барқ ворид мешавад.

Бештар бихонед: