Июн 03, 2021 19:07 Asia/Dushanbe

Мудири равобити умумии полоишгоҳи Теҳрон чаҳоршанбешаб аз хомуш кардани сухтор дар ин полоишгоҳ хабар дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Шокири Хафоӣ-бо эъломи инки ҳодисаи оташсузӣ дар махзани соляркаи полоишгоҳ рух додааст, хотирнишон кард: Акнун ин оташсӯзӣ хомуш ва аз сирояти он ба дигари махзанҳо ҷилавгирӣ шудааст .

Мудири равобити умумии полоишгоҳи Теҳрон изҳор кард: Соъати 19 : 30 дируз оташсӯзӣ дар махзани соляркаи ин полоишгоҳ рух дод ва 20 ҳазор бушкаи солярка дучори сухтор шудааст .

Шокири Хафоӣ бо баёни инки ин оташсӯзӣ хушбахтона ҳеч талафоте надоштааст, афзуд : Ба далели инки дар ин сухтор маҳсулоте чун  солярка дучори оташсӯзӣ шудааст, наметавон оташро хомӯш кард ва бояд танҳо оташро хомуш кард то тамом маҳсулот бисӯзад .

Мудири равобити умумии полоишгоҳи Теҳрон ҳамчунин гуфт : Иллати бурӯзи ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст ва пас аз такмили таҳқиқоти натоиҷи он эълом хоҳад шуд .

 

Барчасп