Хомуш кардани сухтори полоишгоҳи Теҳрон
Мудири равобити умумии полоишгоҳи Теҳрон чаҳоршанбешаб аз хомуш кардани сухтор дар ин полоишгоҳ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шокири Хафоӣ-бо эъломи инки ҳодисаи оташсузӣ дар махзани соляркаи полоишгоҳ рух додааст, хотирнишон кард: Акнун ин оташсӯзӣ хомуш ва аз сирояти он ба дигари махзанҳо ҷилавгирӣ шудааст .
Мудири равобити умумии полоишгоҳи Теҳрон изҳор кард: Соъати 19 : 30 дируз оташсӯзӣ дар махзани соляркаи ин полоишгоҳ рух дод ва 20 ҳазор бушкаи солярка дучори сухтор шудааст .
Шокири Хафоӣ бо баёни инки ин оташсӯзӣ хушбахтона ҳеч талафоте надоштааст, афзуд : Ба далели инки дар ин сухтор маҳсулоте чун солярка дучори оташсӯзӣ шудааст, наметавон оташро хомӯш кард ва бояд танҳо оташро хомуш кард то тамом маҳсулот бисӯзад .
Мудири равобити умумии полоишгоҳи Теҳрон ҳамчунин гуфт : Иллати бурӯзи ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст ва пас аз такмили таҳқиқоти натоиҷи он эълом хоҳад шуд .