Июн 03, 2021 19:51 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии волейболи Эрон бар Канада

Тими миллии волейболи Эрон дар аввалин бозӣ аз ҳафтаи дувуми Лигаи миллатҳои 2021 муқобили Канада ба бартарии 3 бар 1 расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баъд аз касби аввалин бурд дар охирин бозии ҳафтаи аввали баробари Ҳолланд, Эрон дар чаҳорумин бозии худ аз Лигаи миллатҳои 2021 баробари Канада қарор гирифт . Ду тим пеш аз ин 6 бор рӯдарруи ҳам қарор гирифта буданд, ки се бурд саҳми ҳар тим буду имрӯз низ дар як бозии наздик бо ҳам рақобат карданд .

  Дар ҳоле ки дасти Алекно,сармураббии тими милии Эрон нисбат ба ду се бозии қаблӣ бозтар буд ва ғоиби бузурги тим фақат Амири Ғафур ба ҳисоб меомад,Маъруфу ёронаш баъд аз шикаст дар сети аввал, дар се сети пайдарпай тавонистанд аз сади рақиби худ убур кунанд .

 

Барчасп