Баргузории ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳарами Разавӣ
Ҳамзамон бо солрӯзи реҳлати бунёнгузори инқилоби исломӣ, ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Имом Хумайнӣ (раҳ) ба мизбонии мудирияти зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ баргузор шуд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Садриддини Қабончӣ, имоми ҷумъаи Наҷафи Ашраф дар ин ҳамоиш, ки асри рӯзи 13 хурдод дар толори Қудси ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор шуд, гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ) поягузори бедорӣ ва ҳушёрии миллатҳои саросари ҷаҳон аст.
Вай баён кард: Имрӯзҳо ба баракати пирӯзии инқилоби исломӣ миллатҳо бедортар шудаанд ва асли на шарқӣ ва на ғарбӣ, ки аз ибтикороти Имом Хумайнӣ (раҳ) буд, дар кишварҳо ҳоким шудааст.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Қабончӣ идома дод: 42 сол аз пирӯзии инқилоби исломӣ мегузарад ва мо ҳар лаҳза шоҳиди пешрафту иртиқои низоми ҷумҳурии исломӣ ҳастем. Инқилоби исломии рӯ ба суъуд ва тамаддуни Ғарб рӯ ба уфул аст ва хушбахтона, имрӯз тамаддуни исломӣ шакли ҷаҳонӣ ба худ гирифтааст.
Вай гуфт: Миллати Эрон пас аз инқилоби исломӣ бо мушкилоту сахтиҳои бисёре даступанҷа нарм кардааст ва истикбори ҷаҳонӣ ҳамвора саъй дошта ин кишвару низомро аз пой биандозад, вале миллати қаҳрамону ғаюри Эрон бо пайравӣ аз андешаҳои имоми роҳил (раҳ) ҳеч гоҳ таслим нашуда ва ҳамвора муқовимат карданд.
Имоми ҷумъаи Наҷафи Ашраф дар идома хотирнишон кард: Имом Хумайнӣ (раҳ), ориф, фақеҳ ва инсоне мутавозеъ ва содазист буданд ва кишварҳои арабӣ мадюни муборизоти миллати Эрон ва пирӯзии инқилоби исломӣ ҳастанд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ низ дар идомаи ин ҳамоиш ба ваҳдати байни муслимин аз дидгоҳи Имом Хумайнӣ (раҳ) ишора кард ва гуфт: Имоми роҳил (раҳ) ҳамвора бар ваҳдат ва парҳез аз тафриқаву душманӣ байни миллатҳои исломӣ таъкид доштанд.
Вай бо баёни ин ки уммати исломӣ бояд барои пиёда кардани тавҳид, ваҳдату иттиҳоди худро ҳифз кунад, гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ) дар оғози даҳаи 60 мелодӣ ба се меҳвари шоҳ, Амрико ва Исроил ишора доштанд ва муътақид буданд, мушкилоти аслии миллати Фаластин ношӣ аз заъфи ҳуккоми араб аст, аз ин рӯ, зимомдорони кишварҳои арабӣ бояд ихтилофоти худро канор гузоштаву зери парчами Ислом ҳукуматдорӣ кунанд.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муаззами инқилоб: Ҷумҳурии исломӣ муҳимтарин ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ) буд
- Чопи сеюми китоби “Аз Хумайнӣ то Хоманаӣ” дар Русия