Тахлия ва боргирии беш аз 15 миллион тон маҳсулот дар бандарҳои Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68256-Тахлия_ва_боргирии_беш_аз_15_миллион_тон_маҳсулот_дар_бандарҳои_Эрон
Муовини бандарии Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон эълом кард, беш аз 15 миллион тон маҳсулот дар бандарҳои Эрон холӣ ва боргирӣ шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 06, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Тахлия ва боргирии беш аз 15 миллион тон маҳсулот дар бандарҳои Эрон

Муовини бандарии Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон эълом кард, беш аз 15 миллион тон маҳсулот дар бандарҳои Эрон холӣ ва боргирӣ шудааст.

Фарҳоди Мунтари Кӯҳсорӣ, муовини бандарии Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон гуфт: Тахлия ва боргирии коло дар бандарҳои кишвар ба 15 миллиону 701 ҳазору 688 тон расид, ки дар муқоиса бо соли гузашта 9 дарсад афзоиш доштааст.

Муовини бандарии Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон афзуд: Дар бахши колои нафтӣ дар соли 1400 ҳам 8 миллиону 924 ҳазору 957 тон боргирӣ анҷом шуд.

Мунтасири Кӯҳсорӣ ҳамчунин гуфт: Дар бахши колои ғайринафтӣ ҳам дар соли 1400 мизони боргирии коло ба 6 миллиону 106 ҳазору 131 тон коло расид.

Муовини бандарии Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон гуфт: Дар маҷмуъ мизони боргирии коло дар соли гузашта (1399), 14 миллиону 448 ҳазору 929 тон буд.

 

Бештар бихонед: