Июн 07, 2021 13:00 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 59 миллион эронӣ воҷиди шароити раъй додан ҳастанд

Сухангуи ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон гуфт: Дар кишвар 59 миллиону 310 ҳазору 307 нафар воҷиди шароити раъй додан ҳастанд.

Саиди Исмоили Мусавӣ дар бораи воҷидони шароити раъй додан дар Эрон афзуд: Беш аз 72 ҳазор шуъбаи ахзи раъй дар саросари ин кишвар пешбинӣ кардем, ки ба унвони шуъбаҳои собит ва сайёр кори ахзи раъйро дар 28 хурдод анҷом медиҳанд.

Сухангуи ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон дар бораи тарифаҳои ирсолшуда ба устонҳо ва тафовути тарифаҳои чаҳор интихобот низ афзуд: Тарифаҳои интихоботи ҳаркадом аз чаҳор интихобот (раёсатҷумҳурӣ, шӯроҳои исломии шаҳру рӯсто, миёндавраии Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва миёндавраии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ) бар асоси теъдоди афроди мавриди ниёз тарроҳӣ ва чоп шудааст.

Вай идома дод: Дар воқеъ барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки ниёз ба интихоби як нафар аст, дар тарифаи он фақат ҷои навиштани исми як нафар дар назар гирифта шудааст, аммо дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ки барои Теҳрон 3 нафар ва соири устонҳо як нафар аст, тарифаи мутаносиб бо он тарроҳӣ шудааст.

Сухангуи ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон гуфт: Барои интихоботи миёндавраии Маҷлиси Шӯрои исломӣ низ барои ҳаркадом аз ҳавзаҳои интихобия як нафар интихоб хоҳад шуд, ки тарифаи он низ мутаносиб бо он як нафар таъриф шудааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп