Июн 07, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ваксинаи коронаи Институти Пастери Эрон бо номи тиҷории “Постуковак”

Мудири тарҳи корозмоии болинии марҳалаи сеюми ваксинаи коронаи муштараки Эрон ва Куба гуфт: Ваксинаи коронаи муштараки Эрон ва Куба бо номи тиҷории “Постуковак” дар Институти Пастери Эрон тавлид ва арза хоҳад шуд.

Доктор Эҳсони Мустафавӣ дар бораи охирин хабарҳо аз корозмоии болинии ин ваксина гуфт: Ин тарҳ аз шашуми урдибиҳишт дар шаҳри Исфаҳон оғоз шуд ва дар 8 шаҳри кишвар довталабин ворид мутолиа шуданд. Тазриқи аввали ваксина хушбахтона рӯйи 24 ҳазор нафар ба поён расидааст ва тазриқи дувум ҳам то рӯзи якшанбе (16 хурдод) дар 5 минтақа - Исфаҳон, Занҷон, Ҳамадон, Бандар Аббос ва Кирмон оғоз шудааст ва иншоаллоҳ то чаҳоршанбеи ин ҳафта се шаҳри дигар ҳам тазриқи дувумро оғоз хоҳанд кард.

Вай афзуд: То кунун як сеюм аз ҷамъияти ҳадаф, яъне ҳудуди 8 ҳазор нафар ваксинаи дувуми худро дарёфт кардаанд.

Ӯ гуфт: Марҳалаи як ва дуи мутолеоти болинии ин ваксина дар кишвари Куба бар ҷамъияте ҳудуди ҳазор нафар анҷом шудааст ва марҳалаи сеюми он дар Эрон рӯйи 24 ҳазор нафар ва дар Куба бар 44 ҳазор нафар дунбол мешавад.

Вай таъкид кард: Ҳадафгузории мо ин аст, ки ду ҳафтаи баъд аз тазриқи дувум, мутолеаи асарбахшии ваксинаро оғоз кунем ва пешбинӣ мешавад, довталабин дар як бозаи замонии 3 моҳа, баъд аз тазриқи дувум дар шаҳрҳое, ки ду доза тазриқи ваксинаро доранд ва дар як бозаи замонии 5 моҳа дар шаҳрҳое, ки 3 доза тазриқи ваксинаро доранд, мавриди пайгирӣ барои гузориши ниҳоии баррасии асарбахшӣ қарор гиранд ва дар ин бозаи замонӣ низ гузориши миёнии баррасии асарбахшӣ анҷом шавад.

Доктор Мустафавӣ дар хотима изҳор дошт: Тавлиди ин ваксина ба таври мувозӣ бо анҷоми корозмоии болинии марҳалаи 3, дар Институти Пастери  Эрон оғоз шудааст то пас аз мушаххас шудани асарбахшии ваксина ва касби муҷаввизҳои лозим битавонад вориди барномаи ваксинатсияи умумии кишвар шавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп