Зариф: Эрон ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони сешанбешаб дар “Твиттер” гуфгугӯҳояш бо намояндагони дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман ва Афғонистонро муфид\ хонд ва таъкид кард, Эрон ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба дидорҳои рӯзи сешанбеи худ бо Жан Арно, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон ва низ Martin Griffiths, намояндаи вижаи дабири кулли ин созмон дар умури Яман дар Теҳрон дар “Твиттер” навишт, фрояндҳои сулҳ бояд мутааллиқ ба ҳамаи афғонистониҳо ва яманиҳо ва бидуни ҳечгуна таҳмилу фишори хориҷӣ бошад.
Зариф зимни муфид хондани дидорҳояш бо намояндагони дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яману Афғонистон афзуд, Эрон ҳамвора ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз кишварҳои таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон ҳамвора ба дунболи ҳалли буҳронҳои минтақа аз ҷумла буҳрони Афғонистону Яман аз тариқи гуфтугӯ ва сиёсӣ будааст.
Бештар бихонед: