Рӯҳонӣ: Тавони фурӯши петрошимии Эрон ду баробар афзоиш ёфтааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68458-Рӯҳонӣ_Тавони_фурӯши_петрошимии_Эрон_ду_баробар_афзоиш_ёфтааст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, тавони фурӯши маҳсулоти петрошимии Эрон ду баробар афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 09, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тавони фурӯши петрошимии Эрон ду баробар афзоиш ёфтааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, тавони фурӯши маҳсулоти петрошимии Эрон ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт: Тавони фурӯши маҳсулоти петрошимӣ имрӯз ба ҳудуди 22 миллиард доллар расидааст.

Рӯҳонӣ афзуд: Тавлиди рӯзона 56 миллион литр бензинро имрӯз ба 107 миллион литр расонадем ва тавлиди сӯхти дизелиро аз 97 миллион литр имрӯз ба 137 миллион литр расонадем.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Коркунони давлат дар ҳафтаҳои пешорӯ бо ҳамон қудрату рӯҳияи рӯзи аввал бояд кору тарҳҳоро такмил ва ифтитоҳ кунанд ва ҳар коре барои ҳал кардани мушкилотро бояд анҷом диҳем.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: Умедворам интихоби хубе бо мушорикати хуб пеширӯ дошта бошем, интихоботе, ки мардум ба саломат пойи сандуқҳои раъй бираванд ва давлате қавитар аз давлати ёздаҳум ва дувоздаҳум ташкил шавад ва ҳамаи мардум аз он истифода кунанд.

 

Бештар бихонед: