Июн 09, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 8 миллион доза ваксинаи эронӣ то поёни тобистон

Муовини таҳқиқот ва фанноварии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз тавлиди 8 то 10 миллион доза ваксини эронӣ то поёни тобистон хабар дод.

Фариди Наҷафӣ, муовини таҳқиқот ва фанноварии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Бар асоси пешбиниҳои анҷомшуда то поёни тобистон 8 то 10 миллион доза ваксинаи эронӣ дар кишвар тавлид хоҳад шуд.

Наҷафӣ афзуд: То кунун панҷ ширкати тавлидкунанда муҷаввизи тавлиди ваксинаро аз Кумитаи миллии ахлоқи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ дарёфт кардаанд ва ин ваксинаҳо мароҳили ду ва сеи корозмоии болиниро тай мекунанд.

Раиси Кумитаи миллии ахлоқи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба набуди ваксина ба мизони лозим дар дунё, идома дод: Дар чунин шароите, бисёре аз кишварҳои дунё ба бархе аз ваксинаҳо қабл аз гузаронидани тамоми мароҳили илмӣ, муҷаввизи ваксинатсияи умумӣ дода мешавад, аммо то кунун дар Эрон чунин тасмиме гирифта нашудааст.

Фази якуми тазриқи инсонии мутолеоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи “Ков Эрон Баракат” 29 декабри 2020 рӯйи довталабон оғоз шуд.

Корозмоии болинии ваксинаи Розии “Ков Порс” ба унвони дувумин ваксинаи эронӣ ва нахустин ваксинаи тазриқӣ - истиншоқии протеини навтаркиби корона низ, 28 феврали 2021 бо тазриқи марҳалаи аввали озмоиши инсонӣ ба 2 довталаби мард оғоз шуд.

Ҳамчунин имрӯз (чаҳоршанбе) фази дувуми тести инсонии ваксинаи коронаи “Фахро” бо тазриқи ин ваксина ба 500 нафар довталаби 18 то 70 сола, оғоз шуд.

 

Бештар бихонед: