Июл 25, 2016 16:50 Asia/Dushanbe
  • Талоши Эрон ва Нигерия барои густариши ҳамкориҳо

Вазири умури хориҷаи Эрон ва Нигерия бар густариши равобити ду ҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ҷефрӣ Онеямо (Geoffrey Onyeama)-вазирони умури хориҷаи Эрон ва Нигерия имрӯз (душанбе), дар пойтахти Нигерия- Абуджа дар бораи афзоиши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла тавсеаи равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ, гуфтугӯ карданд.

Зариф дишаб дар нахустин сафари давраии худ ба Ғарби Африқо, дар садри ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар нахустин мақсади худ вориди Абуджа шуд.

Ҳайати иқтисодии Эронро дар ин сафар намояндагони 35 ширкати тиҷорӣ, иқтисодӣ ва бозаргонии эронӣ ташкил медиҳанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст, имрӯз пас аз дидор бо раисиҷумҳур ва раиси Маҷлиси Нигерия ва ҳузур дар нишасти иқтисодии муштараки ду ҳайати Эрон ва Нигерия, ба Гана сафар кунад.

Зариф дар идомаи сафари давраии худ ба Ғарби Африқо пас аз Гана ба Гвинея, Конакри ва Молӣ сафар ва бо мақомоти ин кишварҳо дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба ин чаҳор кишвар, то ҷумъа, 29 июл ба тул хоҳад анҷомид.