Узвияти доими Эрон дар СҲШ дар дастури кор
(last modified Fri, 11 Jun 2021 14:16:35 GMT )
Июн 11, 2021 19:16 Asia/Dushanbe
  • Узвияти доими Эрон дар СҲШ дар дастури кор

«Алмонитор» гузориш дод: Аз замони ниҳоӣ шудани тавофуқи 25 солаи Эрон ва Чин, раванди ҳамкориҳо байни ду кишвар кунд шуда ва мумкин аст бахше аз он марбут ба сояи музокироти эҳёи БарҶом дар равобити ду кишвар бошад ва авлавияти Чин рафъи таҳримҳои Эрон аст.

Ба навиштаи ин манбаъ,  дар ҳоли ҳозир умедҳои тозае барои узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай вуҷуд дорад. Эрон аз соли 2005 узви нозири ин созмон буда ва дар солҳои 2008 ва 2009 барои узвияти комил дархост дода, аммо ба хотири таҳримҳои Созмони Милал, ки дар он замон алайҳи Эрон эъмол шуда буд, ин талошҳо ба саранҷом нарасид.

Дар сурате, ки Эрон битавонад ба узвияти комили Созмони Ҳамкории Шанхай бирасад, ҳамкориҳои стратегӣ байни Эрон ва Чини шоҳиди тағйири бузурге хоҳад буд.

Чанд рӯз пеш ҳам Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон фош кард, ки қарор аст дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай тайи соли ҷорӣ мавзӯи узвияти комилу доими Эрон дар ин созмон дар дастури кор қарор гирад.

Ба гуфтаи вай, узвияти Эрон дар ин созмон яке аз аслитарин барномаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай аст.

 Интизор меравад дар моҳи сентябр раиси ҷумҳурии ояндаи Эрон барои ширкат дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе даъват шавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп