Июн 12, 2021 11:58 Asia/Dushanbe
  • Гулборони ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) ба муносибати Даҳаи каромат

Ойини гулборони ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а), ба муносибати Даҳаи каромат баргузор шуд.

Ойини гулборони ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а), имрӯз шанбе ҳамзамон бо фаро расидани милоди ҳазрати Маъсума (с) дар айвони имом Хумайнӣ (р)-и ҳарами Разавӣ баргузор шуд.

Ба муносибати фаро расидани милод ҳазрати Маъсума (с) ва Даҳаи каромат, ҳамчунин парчами гунбади мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон таъвиз шуд.

Молик Раҳматӣ, қоиммақоми тулити Остони ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) гуфт: Беш аз 200 барномаи мутанаввеъ дар Даҳаи каромат дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор хоҳад шуд.

Аз имрӯз шанбе, ки солрӯзи вилодати ҳазрати Маъсума (с) аст, то аввали тири рӯзи сешанбе ҳамзамон бо солрӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон, Даҳаи каромат номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп