Нуҳумин соли даргузашти шоири Инқилоби Исломӣ Қайсари Аминпур
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i6862-Нуҳумин_соли_даргузашти_шоири_Инқилоби_Исломӣ_Қайсари_Аминпур
Зиндаёд Қайсари Аминпур аз бузургтарин шоирони даврони муосири Эрон ва парчамдори шеъри Инқилоби Исломӣ буд, ки 9 сол пеш дар ҳамин рӯз даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 29, 2016 10:15 Asia/Dushanbe

Зиндаёд Қайсари Аминпур аз бузургтарин шоирони даврони муосири Эрон ва парчамдори шеъри Инқилоби Исломӣ буд, ки 9 сол пеш дар ҳамин рӯз даргузашт.

Қайсари Аминпур узви Фарҳангистони забону адаби форсӣ буд, ки дар тӯли умри кӯтоҳаш ба арсаи шеъру адаби Эронзамин хадматҳои шоёне кардааст, аз ҷумла бисёре аз шоирони ҷавони номдори имрӯзи Эрон дар сояи устодии ӯ парвариш ёфтаанд. Ӯ 29-уми октябри соли 2005 дар бемористони "Дай"-и Теҳрон бар асари бемории гурда ва қалб чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ҳамкормон Заҳрои Шафеӣ дар гузорише ҷилваҳое аз шахсияту шеъри зиндаёд Қайсари Аминпурро баррасӣ кардааст.