Июн 13, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 187 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе бо интишори иттилоияе эълом кард, 187 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар фавт карданд, ки маҷмӯи фавтиҳо ба 82 ҳазору 98 нафар расид.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 8 ҳазору 195 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба се миллиону 28 ҳазору 667 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш, то кунун ду миллиону 652 ҳазору 792 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд.

Вазорати беҳдошт ҳамчунин гузориш дод, то кунун 4 миллиону 327 ҳазору 533 нафар дозаи аввали ваксинаи корона ва 827 ҳазора 106 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 5 миллиону 154 ҳазору 639 доза расидааст.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кардааст, 21 миллиону 563 ҳазору 119 озмоиши ташхиси Ковид - 19 дар кишвар анҷом шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп