Июн 13, 2021 19:27 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Масири таъмину тавлиди ваксина ва ваксинатсия омода шудааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, масири таъмину тавлиди ваксина ва ваксинатсия таҳия шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи якшанбе дар дусаду сивудувумин ҷаласаи Ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат гуфт: Тадобир ва ҳимоятҳои давлат аз ваксинаи дохилӣ, барномарезии воқеъбинона ва ҳамоҳангии байнибахшӣ дар масири дурусте қарор доштаву масири таъмину тавлиди ваксина ва ваксинатсия нақшарезӣ шудааст.

Рӯҳонӣ афзуд: Дар ин росто, таъмини эътибори пешхариди ваксинаҳои дохилии бемории коронаро давлат пайгирӣ кардаву иқдомоти лозим дар ҳоли анҷом аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Агарчӣ таҳримҳои золимона алайҳи кишвар дастрасӣ ба арзу ниҳодаҳои тавлидро сахттар кардааст, аммо Бонки Марказӣ бо талоши фаровон арзи мавриди ниёзро таҳия карда ва дар ихтиёри воридкунандагони ниҳодаҳои домӣ қарор медиҳад.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин мавзӯи таъмини эътибори пешхариди ваксинаҳои дохилии корона мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп