Октябр 29, 2016 17:01 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳамкории Эрон ва Аврупо барои мубориза бо терроризм зарурӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар зарурати ройзанӣ ва ҳамкории бештари Эрон ва Иттиҳоди Аврупо барои мубориза бо терроризм ва таъмини субот ва амнияти минтақа таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурӣ,  Ҳасани Рӯҳонӣ, имрӯз шанбе дар дидори Федерика Могерини -масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон, афзуд, ҳар гуна ҳимоят аз тероризм ба маънои умед додан ба террористҳо дар минтақа ва ҷаҳон аст ва истифода аз қудрати сиёсӣ барои эъмоли фишор ба ҳомиёни минтақаии террористҳо, асароти қобили таваҷҷӯҳе дар мубориза бо терроризм хоҳад дошт.

Вай иқдомоти террористӣ дар Сурия ва Ироқро хатаре бузург барои ҳамаи ҷаҳон донист ва тасреҳ кард, набуди муборизаи ҷиддӣ бо террористҳо дар минтақа ба ташкили давлат ва ҳукумати террористӣ дар минтақа ва шимоли Африқо мунҷар хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ, бо таъкид бар зарурати ҳамкории Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар ростоии ҳалли мушкилоти минтақаӣ  гуфт, ҳалли масаълаи Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фаъол шудани бештари Иттиҳоди Аврупо, дар ростои эҷоди амният ва оромиш дар Сурия бо ҳамкории кишварҳои минтақа таъсиргузор хоҳад буд.

Вай ҳамчунин тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1-ро  улгӯе муносиб барои густариши ҳамкориҳои ду тараф ва ҳалли мушкилоти байналмилалӣ донист ва тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷроиитавофуқи БАРҶОМ ба ҳамаи тааҳҳудоти худ пойбанд буда ва интизор дорад барои пойдории БАРҶОМ тарафи муқобил низ ба ҳамаи усӯл ва тааҳҳудоти худ ба таври комил амал кунад.

Федерика Могерини низ дар ин дидор гуфт, тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1 фазоии муносиберо барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобил бавуҷӯд оварда ва Иттиҳоди Аврупо мутааҳҳид ба иҷрои тааҳҳудоти БАРҶОМ ва мусаммам ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон дар ростои таъмини манофеи муштарак аст.

Федерика Могерини ҳамчунин бо таъкид бар зарурати ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Эрон дар заминаи ҳалу фасли масоил ва буҳронҳои минтақаӣ, минтақаӣ, аз ҷумла буҳрони Сурия, тасреҳ кард, Иттиҳоди Аврупо ниёзманди ҳамкории Эрон ба унвони омили калидӣ ва муҳим дар ростои ҳалу фасли масоил ва муъзалоти минтақаӣ аст.