Ироқчӣ: Эрониҳо ҳатто барои як рӯз ҳам набояд таҳти таҳрим бошанд
Муовини умури вазири хориҷа бо баёни ин ки давлати феълии Амрико шарики ҷиноят алайҳи башарият аст, тасреҳ кард: эрониҳо ҳатто барои як рӯз ҳам набояд таҳти таҳрим бошанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Саидаббос Ироқчӣ" муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси ҳайати эронии ширкаткунанда дар музокироти Вена шаби гузашта (якшанбе) дар Твиттер навишт: дар се соли гузашта Амрико ҳар эронии дар ҳар ҷои дунёро мавриди таҳримҳои ваҳшиёна ва ғайриқонунии худ қарор додааст.
Вай афзуд давлати феълии Амрико дар 144 рӯзе, ки сари кор будааст шарики ин ҷиноят алайҳи башарият мебошад.
Ироқчӣ тасреҳ кард: эрониҳо ҳатто барои як рӯз ҳам набояд таҳти таҳрим бошанд.
Даври шашуми музокироти Вена ба манзури эҳёи Барҷом ва бекор кардани таҳримҳои Амрико ва бозгашти эҳтимолии ин кишвар ба ин тавофуқ, аз рӯзи шанбе 12 июн дар пойтахти Австрия, Вена азсар гирифта шуд.
Саид Аббос Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷа ва раиси ҳайати эронии ширкаткунанда дар изҳороте дар бораи ин музокирот, гуфт: Тасмим бар ин гирифта шуд, ки ба кор суръати бештаре дода шавад ва музокироти ҳанӯз баҳсбарангезро дар мулоқотҳои гуногуни коршиносон ва сиёсӣ муҳокима кард ва барои онҳо роҳҳои ҳалли заруриро ёфт.
Ироқчӣ илова кард: мусалламан Амрико бояд қадами аввалро бардорад ва Амрико бояд ҳамаи иқдомоташро ибтидо анҷом диҳад ва баъд Ҷумҳурии Исломии Эрон ростиозмоӣ мекунад ва баъд аз он аст, ки ба тааҳудотамон бармегардем. Ин меъёри кори мост.
Бештар бихонед: