Октябр 29, 2016 19:18 Asia/Dushanbe
  • Могерини дар Теҳрон, ройзанӣ дар бораи масоили минтақа

Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо субҳи имрӯз дар Теҳрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи масоили дуҷониба, таҳаввулоти минтақа ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Баррасии охирин таҳаввулоти минтақа ва авзои Сурия аз меҳварҳои аслии музокироти Могерини дар Теҳрон аст.

Истифода аз зарфиятҳои дипломатии минтақаии Эрон дар хусуси ҳаллу фасли мунозиоти минтақаӣ аз масоили муҳим дар гуфтумони сиёсии Эрон ва кишварҳои аврупоӣ аст. Музокироти Эрон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон аз ин зовия музокироте муҳим ва калидӣ маҳсуб мешавад.

Эрон пас аз иҷрои БАРҶОМ баҳсҳои муҳимеро бо кишварҳои аврупоӣ шуруъ кардааст.  Ин гуфтугӯҳо бо сафари чанд моҳ қабли Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Эрон вориди фасли ҷадиде шуд .

Қатъномаи роҳбурди ҷадиди Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Эрон пас аз тавофуқи ҳастаӣ, ки ҳафтаи гузашта тасвиб шуд, ба ин музокирот суръати бештаре додааст. Дар қатъномаи мазкур бар нақши муассири байналмилалӣ ва минтақаии Эрон дар барқарорӣ ва эҷоди суботу оромиш дар минтақа изъон ва бар лузуми мушорикати Эрон дар ҳалли муноқишоти минтақаӣ ва мубориза бо терроризм бавижа ДИИШ ва соири гурӯҳҳои мушобеҳ ва густариши равобит дар тамомии заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энержӣ, илмӣ, омӯзишӣ, пажуҳишӣ ва зистмуҳитӣ таъкид шудааст.

Аз диди нозирон, ин сатҳ аз гуфтугӯҳо бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо дар хусуси масоили сиёсии минтақаӣ метавонад сабаби тақвияти ҳамгароиҳои сиёсӣ шавад ва ба эҷоди сулҳу субот дар минтақа кумак кунад .

Эрон ва кишварҳои аврупоӣ дар ҳамаи маворид лузуман дидгоҳҳои яксон надоранд, аммо дар айни ҳол заминаҳои муштараки муҳиме дар мавозеи дутараф ва дар нигоҳ ба масоили калони минтақа вуҷуд дорад. Ин муштаракот метавонад ба шаклгирии гуфтумоне созанда дар ҷиҳати ёфтани роҳҳал барои масоил ва таҳдидҳои муштарак мунҷар гардад.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки вузарои хориҷаи Эрон, Русия ва Сурия дирӯз дар Маскав нишасти муштараке дар идомаи талошҳои худ барои ба натиҷа расондани иқдомот дар ҷиҳати муқобила бо терроризм дар Сурия ва ҳалли сиёсии ин муноқиша баргузор карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар конфронси хабарӣ дар Маскав бо ишора ба инки хатари терроризм фақат мутаваҷҷеҳи Сурия ва минтақа нест, балки ҳамаи ҷаҳонро таҳдид мекунад, гуфт, кишварҳои Русия, Сурия ва Эрон талошҳояшонро барои мубориза бо терроризм ва ҳифозат аз усули ҳуқуқи башарӣ афзоиш медиҳанд .

Дар ташдиди буҳрони Сурия авомили мутааддид нақш доштаанд ва ихтилофи назарҳои зиёде дар сатҳи байналмилалӣ дар қиболи масоили Сурия вуҷуд дорад ва ҳануз роҳҳале қатъӣ ва ҷомеъ мубтанӣ бар гуфтугӯ ва тафоҳум дар бораи ҳалли буҳрони Сурия мушоҳида намешавад .

Агарчи токунун заработи сангине ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ворид шудааст, аммо ин ба танҳоӣ кофӣ нест, зеро ҳалли буҳрони Сурия ниёзманди таваққуфи ҳимоятҳои молӣ ва таслеҳотӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва таваҷҷуҳ ба хост ва тасмими миллати Сурия аст. Нозирон муътақиданд, дар сурате, ки музокироти сурӣ-сурӣ муҳаққақ нашавад, авзои сиёсӣ ва низомӣ дар Сурия печидатар хоҳад шуд.

Буҳрони Сурия бархилофи талоши бархе гурӯҳҳои террористӣ ва ҳомиёни минтақаӣ ва байналмилалӣ, роҳҳале низомӣ надорад, аммо дар айни ҳол набояд иҷоза дод, ки гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз оташбас иқдомоти террористӣ алайҳи мардуми Сурияро шиддат бахшанд. Аз ин ҷиҳат гуфтугӯҳои Могерини дар Теҳрон рӯйкарде мубтанӣ бар кумак ба ҳалли буҳрони сиёсӣ бо дар назар гирифтани шароитест, ки бар Сурия таҳмил шудааст.