Июн 16, 2021 14:38 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳаддиаксарӣ дар интихобот қатъан  сарнавиштсоз аст
    Ширкати ҳаддиаксарӣ дар интихобот қатъан сарнавиштсоз аст

Эрон дар остонаи як интихоботи бузург қарор дорад . Интихобот ҳамвора бо ҳамаи фарозу фурудҳояш бо таҳаввул ва тағйир ҳамроҳ буда аст; таҳаввуле ки метавонад сабаби ангезаву умед ва талош барои ҳаракати рӯ ба пеш дар ҷомеъа шавад .

7 номзади таъйиди салоҳият шуда дар сездаҳумини интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ бо вуҷуди ҳамаи баҳсҳо ва нақдҳои интихоботӣ дар мунозираҳо нишон доданд, ки дар як мавзӯъ иштироки назар доранд . Барномаи ҳар як аз номзадҳо дар сурати пирӯзӣ дар интихобот эҷоди тағйир дар рӯйкардҳо бо истифода аз фурсатҳои мавҷуд аст . Дар ин ҷиҳат барномаи номзадҳо барои костан аз мушкилот ва пардохтан ба нуқоти қуввати иқтисод ва посдорӣ аз иззати миллӣ дар арсаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ ироа шудааст . Тақрибан ҳамаи номзадҳо амалиётӣ шудани барномаҳои худро мумкин донистаанд ва бо таъкид бар ҳифзи муаллифаҳои иқтидори миллӣ ва амният дар ҳамаи арсаҳо аз ташкили давлати қавӣ,мудири коромад ва боэнержӣ сухан гуфтаанд . Дар ин рақобатҳо ҳамчунин дар канори чолишҳо авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ва чигунагии доштани робитаи бо иззат бо дигар кишварҳо зимни ҳифзи арзишҳову ормонҳои инқилобӣ низ мавриди таъкид қарор гирифтааст .
Интихобот,  аммо  ҷараёнии дусӯя аст, ки номзадҳо дар як сӯи он қарор доранд. Дар сӯи дигари ҷараёни интихобот соҳибони ҳақи раъй ва интихоб қарор гирифтаанд, ки дар воқеъ зербинои пояи аслӣ дар низоми мардумсолор ҳастанд.
Аз ин дидгоҳ ҳар номзади ин интихобот бояд барои ба даст овардани аксарияти орои мардум талош кунад . Пирӯзӣ дар ин рақобат осон нест . Бавижа инки тарҳҳову барномаҳои номзадҳо дар нигоҳ ба хостаҳои мардум дар мавзӯъоте монанди маишат, иқтисод, шуғл,маскан,мубориза бо фасод ва рафъи табъизҳо дар ҷомеъа дар як росто қарор дорад ва танҳо тафовути миёни онҳо дар интихоби коргузорон ва масъулони иҷроӣ дар давлати оянда аст . Дар интихоботи гузашта низ чунин вазъияте вуҷуд дошта ва ба рағми ваъдаҳои рангоранги додашуда ба иллати бархе бетадбириҳову заъфҳои мудириятӣ бисёре аз ваъдаҳо амалӣ нашуд. Натиҷаи ин вазъият таваррум,камбуди коло ва осебпазир шудани иқтисоду тавлиди миллӣ аст, ки акнун асароти онро дар Эрон мушоҳида мекунем .
Бо тавваҷуҳ ба маҷмӯъаи ин шароит  интихоби пеширӯ дар рӯзи ҷумъаи 18 июни 2021 ( 28 хурдоди 1400 шамсӣ ) аз як ҷиҳат метавонад шурӯи як таҳаввул ва дигаргунӣ бошад . Аз ҷиҳати дигар ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ба ҳузури камранг дар интихобот мунҷар шавад . Фоидаву зарари ҳар як аз ин ду ҷараён, аммо аҳамияти зиёдӣ дорад . Мушорикати ҳаддиаксарӣ дар интихобот қатъан " сарнавиштсозаст . Чаро ки интихоб ҳаққи мардум аст ва таъсири нахуст ҳар раъй, ки ба сандуқҳо рехта шавад ، тақвияти иқтидору инсиҷоми ваҳдати миллӣ ва динӣ аст . Камаҳамият унвон кардани ин ҳақ маънояш бетафовутӣ нисбат ба сарнавишт ва ояндаи сиёсии Эрон аст, ки қатъан таъсироти манфии мондагоре барои солҳои ояндаи дуру наздик хоҳад дошт .

Сафҳаи расмии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар фазои маҷозӣ навишт : " Гоҳе як раъй ҳам муассир аст; ҳеч кас нагӯяд раъйи мани танҳо чӣ таъсире дорад . Гоҳе як раъй ё чанд раъй  дар сарнавишти як кишвар асар мегузорад . "

Ончӣ мусаллам аст бо истифода аз имконоти кишвар метавон дар ростои эътилои Эрон гом бардошт ва тавони мудириятиро бо ҳаддиаксари зарфият барои пешрафти кишвар ба кор гирифт ва воқеияти ҳарфу шиорро дар амал исбот кард . Таҷриба нишон додааст агар номзади пирӯзи интихобот фориғ аз ҳар тайфу ҷараёни сиёсӣ амалгароиро аз ибтидои фаъолияти худ оғоз накунад, наметавонад аҳдофу ваъдаҳои додашударо ба пеш бибарад .
Акнун авлавият ва милоки ниҳоӣ дар интихоб қатъи назар аз исм ва ё шӯҳрати номзадҳо барномаҳои интихоботии онҳо аст . Қатъан раъйи мардум ба бар

Барчасп