Бонуи эронӣ медали тиллои чемпионати Осиёро оид ба таэквондо ба даст овард
(last modified Thu, 17 Jun 2021 05:29:43 GMT )
Июн 17, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Нигори Исмоилӣ барои нахустин бор аст ҳузур дар мусобиқоти бузургсолони Осиёяро таҷриба мекунад
    Нигори Исмоилӣ барои нахустин бор аст ҳузур дар мусобиқоти бузургсолони Осиёяро таҷриба мекунад

Дар нахустин таҷрибаи ширкат дар мусобиқаҳои категорияи синну соли калонсолон, намояндаи таэквондои Эрон дар вазни минуси 46 кг дар чемпионати Осиё бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш медали тилло ба даст овард.

Ба гузориши ИРНА, бисту чаҳорумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2021 –и Лубнон бо ҳузури 189 таеквандокор аз 21 кишвар аз рӯзи чаҳоршанбе дар Бейрут оғоз ва ба муддати 3 рӯз  идома хоҳад дошт.

Нигори Исмоилӣ бонуи  таеквандогари Эрон бо ғалаба бар тамомии ҳарифони худ бо шойистагӣ бар шоҳҷоизаи қаҳрамонии Осиё истод. 

Нигори Исмоилӣ, ки барои нахустин бор аст ҳузур дар мусобиқоти бузургсолони Осиёяро таҷриба мекунад дар аввалин дидор бо " Зиёда Иримато " аз Қазоқистон мубориза кард ва 29 бар 9 ба бартарӣ расид; Пас аз он вай дар баробари варзишгари Филиппин Вероника Гарсес дорандаи  медали биринҷии чемпионати Осиё байни наврасон қарор гирифт  ва 22-4 пирӯз шуд.

Варзишгари эронӣ (минуси 46 кг) дар даври ниманиҳоӣ Шохсанам Азмова аз Узбакистонро бо ҳисоби 28-7 мағлуб кард ва  финалистшуд; Дар даври ниҳоӣ, Нигор инчунин Ми Рео Канг, намояндаи Кореяи Ҷанубӣ, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё байни ҷавононро бо натиҷаи 31-9 мағлуб кард, то медали тиллоро ба гарданаш биовезад.

 

Бештар бихонед: