Раҳбари муъаззами инқилоб раъйи худро ба сандуқ андохтанд
Июн 18, 2021 08:07 Asia/Dushanbe
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар аввалин дақиқаҳои оғози раъйгирӣ бо ҳузур дар маҳалли сандуқи сайёри 110 дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) раъйи худро ба сандуқ андохтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин барнома аз шабакаҳои Садо ва Симои Ҷумҳӯрии исломии Эрон ва сайту сафаҳоти KHAMENEI . IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сурати зинда пахш шуд .
Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто, интихоботи миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва интихоботи миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон чанд лаҳза пеш дар саросари Эрон оғоз шудааст.
Барчасп