Рӯҳонӣ раъйи худро ба сандуқ андохт: Боздид аз ситоди интихоботи кишвар
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз (ҷумъа) бо ҳузур дар сандуқи сайёри мустақар дар Вазорати кишвар, ба номзадҳои мавриди назари худ барои раёсати ҷумҳурӣ, шӯроҳои исломӣ, маҷлиси Шӯрои исломӣ ва хубрагони раҳбарӣ аз ҳавзаи интихобияи Теҳрон раъй дод.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин пас аз мушорикат дар интихобот ва андохтани раъйи худ ба сандуқҳо, аз бахшҳои мухталифи ситоди интихоботи вазорати кишвар боздид кард.
Бар асоси эъломи Ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон, дар ин давра аз интихобот беш аз 59 миллиону 310 ҳазор нафар, шомили 29 миллиону 980 ҳазору 38 нафар мард ва 29 миллиону 330 ҳазору 269 нафар зан ҳастанд, ки ҳаққи раъй додан доранд.
Ҳамчунин дар ин давра як миллиону 392 ҳазору 148 нафар раъйи аввалии воҷиди шароит, шомили 706 ҳазору 988 нафар мард ва 685 ҳазору 160 нафар зан ҳастанд.