Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон: Машҳад қалби фарҳангии Эрон аст
(last modified Sun, 30 Oct 2016 08:01:09 GMT )
Октябр 30, 2016 13:01 Asia/Dushanbe
  • Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон: Машҳад қалби фарҳангии Эрон аст

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон гуфт, калоншаҳри Машҳад қалби фарҳангии Эрон ва адабиёти форсӣ аст.

Ким Сонг-Хо, рӯзи шанбе дар боздид аз маҷмуаи фарҳангӣ ва таърихии оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯси Машҳад, гуфт, «ҳар кишваре мисли инсон дорои рӯҳ, қалб ва мағз аст ва ба назари ман, Машҳад ҳамонанди қалби Эрон аст.»

Вай афзуд, Фирдавсӣ рӯҳи Эронро сохтааст. Дар кишвари Кореяи Ҷанубӣ ҳам чизе шабеҳи шоҳномахонӣ бо либосҳои хос, монанди наққолони эронӣ вуҷуд дорад.

Дипломати аршади Кореяи Ҷанубӣ, Шоҳномаи Фирдавсӣ ва "Кушнома"-и Кореяро бисёр шабеҳ тавсиф кард ва гуфт, ҳикояти гурези хонаводаи Ҷамшед аз дасти Заҳҳок ба кишвари Чин ва паноҳбурдан ба минтақаи императории Шило, ки ҳамон шибҳи ҷазираи Корея аст ва дар ниҳоят издивоҷи Обтин бо Фроранг ва таваллуди фарзанди онон ба номи Фаридун, аз ҷумлаи достонҳое аст, ки дар Эронзамин ҳикоятҳои фаровоне барои онон суруда шудааст.

Ким Сонг-ҳо зимни ибрози хурсандӣ аз боздид аз оромгоҳи Фирдавсӣ гуфт, «бо ҳунари наққолӣ ва шоҳномахонӣ дар бурҷи Мелоди Теҳрон ва дар замони иҷрои намоиши суннати “Бишило”, ки рӯёрӯии ду тамаддуни Порс ва Шилоро ба тасвир мекашид, ошно шудам, ки дар ин барнома наққоли эронӣ ба ҳамроҳи ҳаракоти оинӣ ва суннатии кореяӣ анҷом мешуд.»

Вай гуфт, «соли 2017 милодӣ, соли табодули фарҳангии Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ аст ва хушҳолам, ки фурсате шуд, то аз наздик аз оромгоҳи шоири бузурги Эрон боздид кунам.»

Оромгоҳи Фирдавсӣ ва шаҳри таърихии Тӯс, дар фазое ба вусъати 360 гектар дар феҳристи осори миллии Эрон ба сабт расидааст.

Шаҳри Тӯси имрӯза, бахше аз шаҳри Машҳади муқаддас-маркази устони Хуросон Разавӣ аст.