Июн 20, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии шахсиятҳои сиёсӣ ба раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон

Шахсиятҳо ва мақомоти сиёсии кишварҳои мухталиф дар паёмҳое, интихоби ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисиро ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон ба вай табрик гуфтанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, Масрури Боризонӣ, раиси давлати минтақаи Курдистони Ироқ, Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии Венесуэла, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Барҳам Солеҳ, раиси ҷумҳурии Ироқ, Мигуэл Диаз Канел, раиси ҷумҳурии Куба, Навоф Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, амири Кувайт, Ато Муҳаммади Нур, раиси ҷамъияти исломии Афғонистон, Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар, Ҳайсам бин Ториқ, султони Аммон, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, Меҳди Алмашот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, ноибраиси давлати Иморот, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, Армен Саркисян, раиси ҷумҳурии Арманистон, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ, Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин, Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, Имрон Хон, нахуствазири Покистон, Набил Бери, раиси порлумони Лубнон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, аз ҷумлаи шахсиятҳои сиёсӣ ҳастанд, ки то кунун дар паёмҳое, пирӯзии ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисиро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон табрик гуфтанд.

 

Барчасп