Охирин омори корона дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 111 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе эълом кард, бар асари ибтило ба вируси корона дар 24 соати гузашта, 111 нафар фавт карданд, ки маҷмӯи фавтиҳои ин беморӣ ба 82 ҳазору 965 нафар расид.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, аз рӯзи гузашта то имрӯз бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 8 ҳазору 161 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба се миллиону 95 ҳазору 135 нафар расидааст.
Бар асоси ин гузориш, то кунун ду миллиону 748 ҳазору 320 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон мураххас шудаанд.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод, то кунун 22 миллиону 321 ҳазору 457 озмоиши ташхиси Ковид - 19 дар кишвар анҷом шудааст.
Вазорати беҳдошт эълом кард: 4 миллиону 384 ҳазору 451 нафар дозаи аввали ваксинаи корона ва 919 ҳазору 557 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 5 миллиону 304 ҳазору 8 доза расид.
Бештар бихонед:
- Кашфи доруи нав барои беморони мубтало ба навъи шадиди корона
- Эрон дар ҷамъи бузургтарин тавлидкунандагони ваксинаи корона дар дунё