Июн 21, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳарами муттаҳари разавӣ, мизбони раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон
    Ҳарами муттаҳари разавӣ, мизбони раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон

Дар солрӯзи босаодати имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон ҳазрати Алӣ Бин Мӯсо Ризо (а), зоирон ва муҷовирони ҳарами муттаҳари разавӣ мизбони раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон хоҳанд буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон Саидиброҳими Раисӣ сешанбе соати 18 дар саҳни Паёмбари Аъзам (с) суханронӣ хоҳад кард.

Дар интихоботи  18 июн (28 хурдод)  Саидиброҳим Раисӣ бо касби 17 миллиону 926 ҳазору 345 раъй аз маҷмӯи 28 миллиону 933 ҳазору 4 раъй ба унвони раиси ҷумҳурии Эрон баргузида шуд.

Барчасп