Фаро расидан солрӯзи милоди Имом Ризо алайҳиссалом муборак бод
Эрони исломӣ, бахусус шаҳри Машҳад дар солрӯзи милоди Имом Ризо (а) ғарқи нуру шодӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, боргоҳи нуронии Имом Ризо ( а ) аз наводагони гиромии Расули мукаррами ислом ( с ) дар шаҳри Машҳади муқаддас чароғонӣ аст.
Ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо Ризо ( а ) дар ёздаҳуми зиқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадинаи Мунаввара дида ба ҷаҳон гушуд.
Номи мубораки эшон Алӣ ва машҳуртарин лақаби эшон «Ризо » ба маъноӣ хушнуд аст.
Эшон аз чунон илму донише бархурдор буданд, ки ба "Олими оли Муҳаммад ( с ) " маъруф шуданд.
Падари бузургвори Имом Ризо, Имом Мӯсои Козим ( а ) буд, ки дар соли 183 ҳиҷрӣ-қамарӣ ба дасти Ҳоруни Аббосӣ ба шаҳодат расид ва модари гиромиашон Наҷма ном дошт.
Имом Ризо (а ) дар Мадина пас аз шаҳодати падар, ҳидояти мардумро бар ӯҳда гирифт.
Муддати имомати Ҳазрати Ризо ( а ) ҳудуди 20 сол тӯл кашид, ки 17 соли он дар Мадина ва се соли охири он дар Хуросон гузашт .Он ҳазрат ки пас аз қабули иҷбории вилояти аҳдии Маъмуни Аббосӣ ба ночор се соли охири умри худро дар Хуросон гузаронад дар 55- солагӣ ба дастури Маъмун ба шаҳодат расид.
Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Имом Ризо ( а )-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти Паёмбар ( с ) ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.