Давлати исломӣ, давлати хидматгузор аст на миннатгузор
Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон гуфт, дар давлати исломӣ бояд тамоми коргузорони худро ходими миллат бидонанд.
Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон рӯзи сешанбе дар аввалин сафари худ ба Машҳади муқаддас, дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо(а), бо табрики вилодати имом Ризо(а), роҳи ризояти Худовандро аз роҳи хизмат ба мардум донист ва афзуд, имрӯз мудирон бояд ба мардум муҳаббат дошта бошанд ва мардумро дӯст дошта бошанд, ошиқи мардум бошанд ва ин ишқ ва ин муҳаббат мартабаи нозилаи муҳаббати Аллоҳ аст.
Раисӣ гуфт, ҳар касе дар ҷо ҷои кишвар ба мардум хизмат мекунад, бидонад бояд каромати мардумро ҳифз кард ҳечкас ҳақ надорад кӯчактарин хадшаҳо ба каромати мардум ворид кунад.
Вай бо ишора ба инки мо дар иқтисод бояд меҳвари корамон адолат бошад, тасреҳ кард, бояд дар кишвар таҳаввул эҷод шавад, таҳаввул ба нафъи мардум, ба нафъи арзишҳои инқилоби исломӣ, ба нафъи суфраи мардум, касбу кори мардум ва таҳаввул дар шаклгирии давлате коромад, хости марду маст.
Раисӣ афзуд, банда ба унвони намояндаи ин миллат иҷоза нахоҳам дод, ҳеч кадом аз ҳуқуқи миллат зойеъ бишавад, дар ҳифзи каромат, дар иқтисод, меҳвари адолати иқтисодӣ аст, яъне тақсими зарфиятҳо ва имконоти кишвар бар асоси адолат аст.
Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон ҳамчунин бо ишора ба барномаҳои давлати оянда барои муқобила бо вируси корона гуфт, дар сари вақти ваксинатсияи умумии корона оғоз мешавад.
Саидиброҳими Раисӣ дар сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо касби 17 миллиону 926 ҳазору 345 ба унвони раисиҷумҳурӣ интихоб шуд.
Бештар бихонед: