Кашфи як ҳазору 10 тон анвоъи маводи мухаддир дар Эрон
(last modified 2021-06-23T08:21:02+00:00 )
Июн 23, 2021 13:21 Asia/Dushanbe
  • Кашфи як ҳазору 10 тон анвоъи маводи мухаддир дар Эрон

Раиси полиси мубориза бо маводи мухаддири Нерӯи интизоми Эрон гуфт, дар як соли гузашта якҳазору 10 тон анвоъи маводи мухаддир дар кишвар кашф шуд ва рекорди ҷаҳониро дар кашфиёти мавод мухаддир шикастем.

Генерал Маҷиди Каримӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва симо афзуд, мушкили аслии мо дар баҳси мубориза бо маводи мухаддир ҳамсоягони шарқиямон ҳастанд, ки солона 6 то 10 ҳазор тон анвоъи маводи мухаддир тавлид мекунанд ва бузургтарин тавлидкунандагони маводи мухаддир дар дунё маҳсӯб мешаванд.

Вай гуфт, 90 дарсади тарёки дунё дар ҳамсоягони шарқии мо тавлид мешавад.

Раиси полиси мубориза бо маводи мухаддири Нерӯи интизомии Эрон афзуд, мутаасифона дар ин мавзӯ кишварҳои ғарбӣ аз онон ҳимоят мекунанд, ки бо додани базрҳои ислоҳ шуда ба ин кишварҳо тавлиди маводи мухаддирро афзоиш додаанд.

Генерал Каримӣ афзуд, бо тавваҷуҳ ба кашфи ҳазору 10 тон маводи мухаддир кишфиёти Эрон нисбат ба солҳои гузашта 24 дарсад афзоиш ёфтааст.

Раиси полиси мубориза бо маводи мухаддири Нерӯи интизомии Эрон гуфт, соли 1399 аз ҳамкорони мо дар мубориза бо маводи мухаддир 8 нафар ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил шуданд ва 30 нафар ҳам ҷонбоз шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп