Баёнияи Вазорати додгустарии Амрико дар тавҷеҳи тавқифи вебсайтҳои эронӣ
(last modified Wed, 23 Jun 2021 11:05:44 GMT )
Июн 23, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати додгустарии Амрико дар тавҷеҳи тавқифи вебсайтҳои эронӣ

Вазорати додгустарии Амрико дар баёнияе, иқдоми ғайриқонунии тавқифи вебсайтҳои Эрон ва Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқро тавҷеҳ кард.

Вазорати додгустарии Амрико, ки собиқаи иқдомоти мушобеҳро дорад, дар баёнияе, ки дар вебсайти расмии худ қарор дода, ин иқдоми ғайриқонуниро, ки аз назари бисёре зери суол бурдани озодии баён аст, тавҷеҳ кард.

Дар баёнияи Вазорати додгустарии Амрико иддао шудааст: Тибқи дастуроти додгоҳ, Иёлоти Муттаҳида 33 вебсайти мавриди истифодаи Иттиҳоди радиоҳо ва телевизиони исломии Эрон (IRTVU) ва се вебсайти таҳти мудирияти “Катоиби Ҳизбуллоҳ” (KH) - ро ба далели нақзи таҳримҳои Амрико тавқиф кард.

Дар 22 октябри 2020 дафтари контроли дороиҳои хориҷӣ (OFAC), IRTVU - ро ба баҳонаи он ки таҳти моликият ё контроли нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ аст, ба унвони як ниҳоди табақабандишудаи вижа (SDN) таъйин кард.

Агар ниҳоде ба унвони «SDN» шиносоӣ шавад, бидуни дарёфти муҷаввизи OFAC дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз дарёфти хадамоте дар заминаи роҳандозии вебсайт ва хадамоти доманаи интернетӣ маҳрум мешавад.

Баёнияи OFAC муддаӣ шуд, ки аносури давлати Эрон, ки шомили IRTVU ва дигар мавориде аз ин даст, ки дар ниҳодҳои хабарӣ ва расонаҳо мубаддал шудаанд, бо корзори ҷаълии иттилоот ва амалиётҳои бадхоҳонаи нуфуз, Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф қарор додаанд.

Ҷадидтарин иқдоми Вазорати додгустарии Амрико вокунишҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дошт ва бархе аз корбарони фазои маҷозӣ баъд аз тавқифи вебсайтҳои Пресс ТВ ва расонаҳои дигар, иддаоҳои Амрико дар бораи озодии баёнро зери суол бурдаанд ва онро шиор донистаанд.

Аз тарафи дигар, Шоҳрух Нозимӣ, ройзани матбуотии намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милал дар Ню-Йорк бо ишора ба ин ки Иёлоти Муттаҳида талош мекунад бо тавқифи вебсайтҳову шабакаҳои Эрон ва муқовимат, садои озодии баёнро хафа кунад, гуфт, ки аз тариқи каналҳои қонунӣ ин масъаларо пайгирӣ хоҳанд кард.